Хабарҳо

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БО АСЪОРИ ХОРИҶӢ

 Холов Рустам Икромович бархилофи талаботи Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллим Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 тасдиқ карда шуда, тибқи он ба ғайр аз бонки ваколатдор машгул шудани дигар субъектон бо асъори хориҷӣ манъ карда шудааст, амал намуда, 2 июни соли 2019 дар дохили бозори Ҷамъияти дорои маъулияташ махдуди “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст зада, аз харидори шартӣ маблағи 2 ҳазору 800 доллари ИМА-ро бо қурби 9 сомонию 91 дирам баробар ба 27 ҳазору 750 сомонӣ харидааст.

  Прокурори шаҳр нисбати Холов Р.И. бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣонро ба суд фиристонидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар Холов Р.И. дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ