ВОҲИДЗОДА ҲАБИБУЛЛО САЙДУЛЛО


Муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи таваллуд: 21.02.1965 сол

Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон            

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос: ҳуқуқшинос

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст –

Бо медали “Хизмати шоиста” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1081  аз 07.08.2018 сол.

Бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №214  аз 23.07.2021 сол.

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 1 фарзанд

Донандаи забонҳои тоҷикӣ,русӣ, англисӣ (бо луғат)

 

      Соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

      Аз моҳи июни соли 1988- Коромӯз дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қурғонтеппа;

      Аз моҳи июли соли 1988 -  Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қурғонтеппа;

     Аз моҳи январи соли 1989 – Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;

      Аз моҳи сентябри соли 1989 - Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;

      Аз моҳи феврали соли 1993 – Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон;

       Аз моҳи марти соли 1994 – Сардори шуъбаи назорати  иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон;

       Аз моҳи сентябри соли 1996 – Прокурори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

        Аз моҳи ноябри соли 1998 – Прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе;

        Аз моҳи майи соли 2005 – Прокурори шаҳри Душанбе;

        Аз моҳи декабри соли 2006 – Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

        Аз моҳи марти соли 2011 – Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         Аз моҳи феврали соли 2015 – Прокурори вилояти Суғд;

        Аз моҳи ноябри соли 2020 – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

        Аз 28.02.2024 сол - муовини Прокурори генералӣ- Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Рёсати кадрҳои

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон