Маҷалла

Журнал

Материалы

Сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Сауди ҷаноби Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

   16 октябри соли 2017 вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Сауди ҷаноби Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои тарафайн вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза  бар  зидди терроризму ифротгароӣ,  хариду  фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатбахш мубодилаи афкор намуданд.
 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ