Маҷалла

Материалы

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус Конюк А.В. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

  17 июли соли 2017 Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус Конюк Александр Владимирович бо ҳайати ҳамроҳон ба шаҳри Душанбе сафари корӣ доир намуд.

 18 июли соли 2017 вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус Конюк Александр Владимирович баргузор гардид, ки ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳуқукӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ ва гражданӣ, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатбахш мубодилаи афкор намуданд.

Бо мақсади дар оянда густариш додани ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти прокуратураҳои ҳар ду кишвар аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонва Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус Созишнома оид ба ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.