Материалы

25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ПЕШВО ВА НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

   Дар таърихи ҳар миллат ва давлат лаҳзаҳои сарнавиштсозе ба вуқуъ мепайванданд, ки тақдири онро барои садсолаҳо муайян мекунанд.

Чунин лаҳзаи ҳалкунанда  дар таърихи навини Тоҷикистон солҳои  навадуми асри гузашта  ба миён омад.

Бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравии пуриқтидор, ки ҳама зиддияту мухолифатҳои геополитикӣ, сиёсӣ,  ва қавмию мазҳабиро дар худ ҳазм карда буд, ин мухолифатҳо ба сари кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон фуруд омаданд.

 Дар он даврон Тоҷикистон ҳанӯз таҷрибаи давлатдорӣ, ниҳодҳои созмонёфтаи қудратӣ ва иқтисодиёти миллии худро надошт.

Ин аз ҳамон лаҳзаҳои нодире буд, ки нақши шахсият дар таърих ба ҷои аввал мебарояд.

Дар чунин ҳол кишварро метавонист танҳо роҳбаре наҷот диҳад, ки  соҳиби истеъдоди худодод, иродаи фавқулодда ва муҳаббати саршор  ба Ватану миллат  бошад.

Ба бахти миллати тоҷик, ки борҳо таърих ба ӯ  номеҳрубонӣ карда буд, чунин шахс дар симои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон сари кор омада, ба рисолати худ оѓоз намуд.

    Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  сурат гирифт.

Заминаҳои устувори ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиа  ва амнияти миллӣ  фароҳам оварда шуданд.

Мардуми миннатпазири кишвар барои ин хидматҳо Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмонро бо унвони ифтихории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  сарфароз намуд.

   Тибқи анъана дар кишварҳои шарқӣ роҳбари давлат меҳвари ҳокимият, мояи ваҳдати миллӣ, кафили амнияту субот ва рушду нумӯи кишвар маҳсуб меёбад.

Пояҳои давлатдорӣ, тартибу низом ва сулҳу осоиш дар ин кишварҳо то замоне устуворанд, ки  пешвои матину қавиирода ва аз бовариву муҳаббати мардум бархурдор  дар сари қудрат бошад.

  Маҳз мавҷудияти ҳамин омил ба Тоҷикистони азизи мо имкон дод, ки таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби худ имтиҳонҳои сангинро паси сар карда, зербинои давлатдории миллии худро бунёд кунад.

  Номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари таърихсоз ва  наҷотбахшу равшангар дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

 

Прокурори генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал- лейтенанти адлия                           Ю.А. Раҳмон


Мафҳум ва раванди ташаккули Истиқлолияти давлатӣ ва миллӣ

Истиқлолият ё соҳибихтиёрӣ нишонаи фарқунандаи  давлат  аз дигар воҳидҳои сиёсӣ ва маъмурию марзӣ маҳсуб меёбад.

Истиқлолият аз вожаи фаронсавии  «суверайнет», яъне ҳокимияти олӣ  гирифта шуда,  ду аломат дорад – дохилӣ ва берунӣ.

Аломати дохилии Истиқлолияти давлатӣ  волоияти ҳокимияти давлатӣ  дар тамоми қаламрави давлат буда, маънии онро дорад, ки дар қаламрави дахлдор  ягон ҳокимияти сиёсие дигаре вуҷуд надорад, ки  ҳокимияти давлатӣ мутеъи  он бошад.

Истиқлолияттанҳо ба як субъект - худи давлат тааллуқ дошта, дар қаламрави он дигар субъектҳое, ки   дар итоати давлат набошанд ва дар муносибатҳои байналмилалӣ мустақил  амал кунанд, мавҷуд нест.

Конститутсия ва қонунҳои давлат барои тамоми аҳолӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ буда, онҳо бо қувваи маҷбуркунии давлатӣ таъминананд, дар ихтиёри давлат фишангҳои махсус ба мисли артиш, политсия ва маҳбасхонаҳо, ки ягон субъекти дигар онҳоро дошта наметавонад, қарор доранд.   

АломатиберунииИстиқлолият эътироф ва ҳифз шудани мустақилият, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудудии давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ  мебошад.

 Давлат бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда бошад, сиёсати мустақили хориҷӣ барад, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун тарафи барорбарҳуқуқ  иштирок намояд, аз нигоҳи ҳуқуқӣ тобеи амри ягон давлати дигар набошад.

«Истиқлолияти миллӣ»- ифодакунандаи  ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсии он ва имконияти фароҳам овардани шароит барои  амалӣ намудани манфиатҳои миллии худ мебошад.

ҶСС Тоҷикистон  ҳангоми дар ҳайати  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштани худ баъзе  аломатҳои дохилии Истиқлолиятро аз қабили ҳатмӣ будани Конститутсия ва қонунҳои он дар қаламрави кишвар  ва мавҷудияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доро буд.

  Дар баробари ин ҳокимияти давлатӣ  дар  ҶСС Тоҷикистон   мустақил набуда, дар итоати мақомоти марказии ҳокимияти давлатии собиқ  ИҶШС қарор дошт. Қаламрави Тоҷикистон ҳамзамон  ҷузъи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб ёфта,  дар  ҳудуди  он Конститутсия ва қонунҳои умумишӯравӣ бевосита амал мекарданд.

Тоҷикистон артиши худро надошта, идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС аз ҷониби мақомоти марказӣ  ба амал бароварда мешуд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, танҳо тавассути мақомоти  марказии  ИҶШС амалӣ карда шуда, худи он субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф намешуд.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ҶСС Тоҷикистон  дар ҳайати ИҶШС аз истиқлолият ба маънии томи он  бархурдор набуд.

9 сентябри соли 1991  Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, бо он истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда шуд.

Ҳамон рӯз Шӯрои Олии  Ҷумҳуриии Тоҷикистон  қарор «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда, ҳамзамон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани таѓйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» истиқлолияти Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ ба расмият дароварда шуд.

Ҳамин тариқ, санаи 9 сентябри соли  1991  заминаҳои сиёсӣ- ҳуқуқии  истиқлолияти пурраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла  волоияти ҳокимияти давлатӣ  ва ягонагии қонунгузорӣ дар ҳудуди кишвар,тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудудӣ, инчунин мустақилияти томи он дар муносибатҳои байналмилалӣ  гузошта шуданд.

Дар давраҳои баъдина заминаҳои Истиқлолияти пурраи давлатӣ,  аз ҷумла  ташаккули қонунгузории миллӣ,  таъсиси артиши миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо дигар кишварҳо  ва саҳмгузорӣ дар  сиёсати ҷаҳонӣ муваффақона анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон Тоҷикистон истиқлолияти миллии худро ба даст оварда, сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва давлатии худ амалӣ менамояд.

Ба даст овардан, таҳким бахшидан ва ҳифз намудани дастовардҳои даврони Истиқлолияти Тоҷикистон бо номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  робитаи ногустастанӣ дорад.

Хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, қонуният, тартибу низом ва субботу оромӣ дар ҷомеа, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, рушди иқтисодиёти миллӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ  ва баланд бардоштани нақш ва нуфузи байналмилалии кишвар, ки асоси Истиқлолияти давлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд,  аз зумраи хидматҳои беназири  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, номи ӯро  дар таърихи давлатдории навини тоҷикон  ба ҳарфҳои заррин сабт кардаанд.

 

Муовини Прокурори  генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-

майори адлия                                                  Ваҳобов В.М

 

 

  1. Аҳамияти Истиқлолиятдар рушди давлатдории миллӣ

 


    Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 25- уми солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонт азизамон қарор дорем.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои миллати куанбунёд ва сарбаланди тоҷик волотарин дастовард дар ҳазор соли охир маҳсуб меёбад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «9 сентябр барои мо тоҷикон на танҳо Рузи истиқлолият, балки санаи амалӣ шудани ормонои азорсолаи ниёгон, барқароршавии адолати таърихӣ   ва оѓози марҳилаи нави таҳаввул  ва пешрафт мебошад».

Истиқлолият барои ҳар як миллат далели ҳувият, ифтихор, номус  ва бархурдор будан аз нерӯи озодона зистан ва  давлатдор  буданро дорад.

Ҷои баҳс нест, ки эълон намудани Истиқлолият ҳанӯз маънии расидан ба Истиқлолияти томро надошта,  он пушти сар  намудани  имтиҳонҳои зиёдеро талаб  менамояд.

Ҳанӯз дар оѓози даврони Истиқлолият авҷи бесобиқаи тундгароӣ, экстремизми динӣ ва дахолати беруна кишвари моро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида, хатари   дубора парокандашавии миллат ва аз  даст рафтани  давлатдориро ба миён овард.

Ин ҷанги таҳмилӣ дар қатори хисороти зиёди моливу ҷонии аҳолӣ,  иқтисодиёти кишварро комилан хароб  намуда,  рушди  онро   камаш 40-50  сол қафо партофт.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мусоҳибаи худ ба рӯзномаи «Независимая газета» аз 14 майи соли 2002 қайд намуда буданд: «ба ҷои оне, ки масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ-иқтисодиро ҳал намоем, мо маҷбур будем маблаѓҳои зиёдеро ба таъмини амният равона намоем».

Хушбахтона, миллати сулҳҷуй ва ботаҳаммули тоҷик таҳти роҳбарии сарвари хирдаманди худ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тавонист худро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба ҷаҳониён  таҷрибаи ибратомӯзи сулҳофариро  ато намояд.

Дар тули даврони Истиқлолият  кишвари мо ба дастовардҳои  бузурги иҷтимоию  иқтисодӣ  ноил гардид.

Аз ҷумла, рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ  нисбати солҳои авали даврони Истиқлолият   20 баробар, даромадҳои буҷети давлатӣ  зиёда аз 300 баробар афзуда сатҳи камбизоатӣ  аз 87 фоиз ба 31 фоиз паст карда шуд.

Ислоҳотҳои азими иқтисодӣ  роҳандозӣ карда шуда, Тоҷикистон аз ин лиҳоз дар қатори 10 кишвари дар ислоҳотгарӣ пешсафи ҷаҳон ҷой гирифт.

  Гуруҳҳои ҷинояткор саркӯб, қонуният устувор ва амнияти шаҳрвандон таъмин карда шуда, айни ҳол Тоҷикистон аз нигоҳи бехатарӣ барои зиндагии шаҳрвандон дар байни кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар ҷойҳои аввал меистад.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазифаҳои навбатиро дар самти  таҳкими Истиқлолият, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти миллӣ муайян намуданд.

Иҷрои ин вазифаҳо аз ҳар кадоми мо зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати эҷодкорона ба анҷоми вазифаҳои хизматиро тақозо менамояд.

 

2. Нақши Истиқлолият дар рушди  мақомоти прокуратура

 

   Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ба таҳавулоти мақомоти прокуратура  ва баланд бардоштани нақши он дар ҳаёти ҷомеа таъсири хеле амиқ  гузошт.

Тоҷикистони азизи мо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ  мустақилияти нисбӣ  дошта,  прокуратураи тоҷик  низ  ҳамчун ҷузъи  мақомоти марказонидашуда  аз ҷониби Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ идора карда мешуд.

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки прокуратураи Тоҷикистон мустақилияти том ба даст оварда, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян карда шаванд.

 Дар даврони Истиқлолият ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои назоративу  мурофиавии  он  дақиқ карда шуданд.

Дастгоҳи марказии мақомоти Прокуратураба Прокуратураи генералӣ табдил  дода шуда, дар ҳайати он   сохторҳои нави назоратӣ таъсис дода шуданд.

Моҳи январи соли 1994 бори аввал баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ карда шуд.

Новобаста аз душвориҳои давраи гузариш  вазифаи масъулиятноки тарбияи кадрҳои миллӣ ва таъминоти моддӣ-техникии мақомоти прокуратура анҷом дода,  барои фаъолияти самараноки он тамоми шароитҳо муҳайё карда шуданд.

Дар ин давра мақомоти прокуратура таҳаввулоти азимеро  аз сар гузаронида, аз як ҷузъи низоми умумишӯравии ҳифзи ҳуқуқ ба мақомоти мустақили созгор ба принсипҳои демократии давлатдорӣ  табдил ёфт.

 

3.Нақши прокуратура дар ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият

 

   Дар навбати худ мақомоти прокуратура дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми босазо гузошта, садоқати хешро ба Ватан ва рисолати конститутсионии худ собит намуд.

Дар ҳар саҳифаи  таърихи  пурҳаводиси даврони Истиқлолият нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза  бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон сабт шудааст.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ кормандони мақомот садоқати хешро ба Ватан собит намуда, дар барқарор намудани қонуният, аз байн бурдани гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қаҳрамониву ҷоннисориҳо нишон доданд.

Дар он солҳои мудҳиш дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда,дар муддати кутоҳ аз ҷониби он тафтиши зиёда аз 6000  парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар рафти тафтиши ин парвандаҳо садҳо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ошкор ва роҳбарону аъзоёни онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, миқдори зиёди яроқи оташфишон ва лавозимоти  ҷангӣ  мусодира гардид.

Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ азсоли 1993 инҷониб зиёда аз 200 нафар кормандони мақомот бо мукофотои давлатӣсарфарозгардонида шудаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар байни мақомоти давлатӣ нақши махсус доштани прокуратура ва хидматҳои онро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд кардаанд.

Аз ҷумла, дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба 80солагии мақомоти прокуратура Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки:

«кормандони мақомоти прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба  халқу Ватан иҷро карда меоянд».

Ин суханони роҳбари давлат барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, моро ба боз беҳтар намудани фаъолиятамон ҳидоят менамоянд.

 

4. Нақши имрӯзаи мақомоти прокуратура дар ҷомеа

 

    Мақомоти прокуратура имрӯзҳо низ дар ҳифзи волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ  қарор дошта, қариб дар ҳама фаъолияти худ  ба пешравиҳо ноил гардид.

Аз ҷумла дар шароити буҳрони иқтисодӣ мақомоти прокуратура дар барқарор намудани зарарҳои молиявӣ  саҳми босазо гузошта истодааст.

 Дар давоми нимсолаи аввали соли равон мақомоти прокуратура 276 млн.    сомонӣ зарар барқарор  намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91 млн. сомонӣ ё 33 % зиёд мебошад.  

Аз ҷумла ба манфиати давлат 166 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 66млн.  сомонӣ ё66 %зиёд  мебошад.

Бо дахолати мақомоти прокуратура 7 269 га замини худсарона ишѓолшуда ё ѓайриқонунӣ тақсимшуда  ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

 Тавассути чораҳои андешидаи прокуратура дар самти назорати асъор ва фаъолияти бонкӣ қурби асъори миллӣ ба эътидол оварда шуд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм тақвият бахшида, миқдори зиёди парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин самт ошкору тафтиш карда шуданд.

 Дар ҳамин раванд тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ таҳти роҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиа  Назарзода М., раиси Ҳизби наҳзати  ислом  М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо анҷом дода шуда, аксар роҳбарон ва иштирокчиёни фаъоли ин иттиҳоди ҷиноятӣ бо ҳукмҳои судӣ маҳкум  гардиданд.

Мақомоти прокуратура ташвиқу тарѓиби қонунгузорӣ ва иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолиро  аз ҷумла вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобад.

 Дар давоми нимсола кормандони мақомот вобаста ба башарҳи мазмуну муҳтавои лоиҳаи ТаѓйируиловаҳобаКонститутсия1678 маротиба, Паёми Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баМаҷлисиОлӣ 1937, аҳамиятиВаҳдатимиллӣ 1719,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 981   вохӯрию   суҳбатҳо   гузаронида,  аз воситаҳои ахбори омма васеъ истифода бурданд.

Айни ҳол бахшида ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ  чорабиниҳои густурдаи тарѓиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмию амалӣ, воҳуриҳо дар коллективҳои меҳнатӣ ва дигар чорабиниҳобаргузор карда шуда истодаанд.

Кормандони мақомоти прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

5.Вазифаҳои навбатии мақомоти прокуратура

 

   Вазифаҳои навбатии мақомоти прокуратура  дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равшану возеҳ баён карда шудаанд.

Ин вазифаҳо аз тақвияти  мубориза бо экстремизм ва терроризм, ҷинояткории муташаккилона, пурзӯр намудани назорат ба муомилоти ѓайриқонунии маводи нашъаовар ва фароҳам овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия иборат мебошанд.

Ҷиҳати иҷрои ин вазифаҳо аз ҷониби Прокуратураи генералӣ нақшаҳои  дахлдор таҳия ва тасдиқ карда шуда, иҷрои онҳо таъмин шуда истодааст.

 

Нақши Истиқлолияти миллӣ  дар рушди  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Мусаллам аст, ки дараҷаи мустақилияти ниҳодҳои давлатӣ аз сатҳи Истиқлолияти худи давлат вобастагии бевосита дорад.

Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ва ташкил ёфтани Ҷумҳурии Советии Бухоро бо мақсади мустаҳкам намудани қонуният моҳи октябри соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯзаро дар бар мегирифт -  Прокуратураи минтақавӣ таъсис дода шуд.

Пас аз ташкил  ёфтани Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Комитети инқилобӣ аз 7 декабри соли 1924, ки 14 декабри ҳамон сол ба имзо расид Комиссариати халқии адлия  ва Прокуратураи давлатӣ таъсис дода шуд. Прокуратура амалан ба ҳайси шӯъба  дар ҳайати Комиссариати халқии адлия фаъолият карда, роҳбарии онро муовини раиси Комиссариати   адлия ба ӯҳда дошт.

 5 декабри соли 1929 ҶХШС Тоҷикистон ҳамчун ҳафтумин ҷумҳурӣ ба ҳайати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шомил шуда, истиқлолияти нисбии  худро ба даст овард. Дар ин раванд мақомоти прокуратураи тоҷик низ соҳиби  ҳамин  дараҷаи мустақилият гардид.

Бар асари дар  итоати Прокуратураи Иттиҳоди Шӯравӣ  будан аксар масъалаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ аз марказ ва ба манфиатҳои он тарҳрезӣ мешуд.    

 Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таҳавулоти ниҳодҳои давлатии кишвар, аз ҷумла мақомоти прокуратура  таъсири хеле амиқ  гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки прокуратураи Тоҷикистон мустақилияти том ба даст оварда, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян карда шаванд.

14 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се санади муҳимро оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура қабул намуда буд, ки онҳо мустақилият ва танҳо ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда будани мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намуданд.

Аз ҷумла, 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Мутобиқи ин тағйиротҳо ба Конститутсия мансаби Прокурори (Додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, муқаррар карда шуд, ки Прокурори (Додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад ва он дар назди Шурои Олӣ масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Ҳамон рӯз  бо Қарори Шурои Олӣ аввалин маротиба Прокурори (Додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев таъин карда шудааст.

Дар ҳамин сана бо Қарори Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати якум қабул карда шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шудааст.

Ин лоиҳаи Қонун заминаи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид, ки 30 апрели соли 1992 баъди муҳокимаи умумихалқӣ  қабул карда шуд. Он вазифаҳо, принсипҳои ташкил ва фаъолият, низом, сохтор ва дигар самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураи давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуд. Аз ин лиҳоз санаи қабули ин се санади барои мақомоти прокуратураи Тоҷикистон тақдирсоз, яъне 14 март ҳамчун  Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашн гирифта мешавад.

 Дар даврони Истиқлолият ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои назоративу  мурофиавии  он  дақиқ карда шуданд.

Дастгоҳи марказии мақомоти Прокуратура ба Прокуратураи генералӣ табдил  дода шуда, дар ҳайати он   сохторҳои нави назоратӣ таъсис дода шуданд.

Моҳи январи соли 1994 бори аввал баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ карда шуд.

Новобаста аз душвориҳои давраи гузариш  вазифаи масъулиятноки тарбияи кадрҳои миллӣ ва таъминоти моддӣ-техникии мақомоти прокуратура анҷом дода,  барои фаъолияти самараноки он тамоми шароитҳо муҳайё карда шуданд.

Мақомоти прокуратура пайваста дар ҳоли рушду такомул қарор  дошта, сохтор  ва ташкили фаъолияти он вобаста ба  талаботи замон мунтазам такмил дода  мешавад.

Дар ин раванд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 14 августи соли 2015 сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ аз нав тасдиқ карда шуда, дар ҳайати он як қатор раёсату шуъба ва сохторҳои нав таъсис дода шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура  дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм, дар сохтори Дастгоҳи марказӣ - Раёсати  муқовимат ва терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин Шуъбаи  мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд. 

Ҷиҳати такмили  назорат дар соҳаи иқтисодиёт ва буҷет, дар қатори Шуъбаи  назорати  иҷрои қонунгузории андоз  - Раёсати алоҳида оид ба назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук  таъсис дода шуд. Шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ба Раёсат  табдил дода шуда, воҳидҳои нав - Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот,  инчунин  Шуъбаи амнияти дохилӣ  созмон дода шуданд. 

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандон дар назди Прокуратураи генералӣ Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура таъсис дода шуд.

 Тағйиротҳои номбурдаи сохторӣ имконияти пурзӯр намудани назорати прокурориро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда, мақомоти прокуратура вазифаҳои ба уҳдаи он гузошташударо сарбаландона анҷом дода истодааст.

Ҳамин тариқ, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон таҳаввулоти азимеро  аз сар гузаронида, аз як ҷузъи низоми умумишӯравии ҳифзи ҳуқуқ ба мақомоти мустақили созгор ба принсипҳои демократии давлатдорӣ  табдил ёфт.

 

                    

Сардори шуъбаи таъминоти                                                             Халифазода  М.Н

ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ

ва маркази матбуоти Прокуратураи

генералӣ


                        Прокуратураи ҳарбӣ - дастоварди замони истиқлолият

           Дар таърихи миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 рӯйдоди хеле муҳиму фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст, ки он абадан дар саҳифаи таърихи навини давлатдорӣ миллиамон бо хати зарин, чун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид. Ин санаи таърихии тақдирсоз барои халқи тоҷик ҳамчун рӯзи барқарории адолати таърихӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон дониста шуда, ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, баъд аз ҳазорсолаҳо дубора имкон дод, ки ба бунёди давлатдорӣ камари ҳиммат бубандад.

     Истиқлолияти давлатиро ба даст даровардан ин бахти баланд шарафи хеле бузург аст, вале  пойдор- нигоҳдоштан ва таҳким бахшидани он вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ватандӯсту меҳнатпарвар мебошад. Маҳз дар ҳаминвазъияти мураккабу тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун абармарди фидоии миллат заҳмати зиёд кашида, бо талошҳои пайгирона ва созандаи худ ба густариши давлати соҳибистиқлолу демократӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Мардуми сарбаландумутамаддинитоҷикбо тамоми ҳастӣдарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукниасосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

    Ёдовар шудан лозим аст, ки бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣмоҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқмасъалаи ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир  гузошта   шуд.

 Бояд дарк намуд, ки  Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва зимоми давлатдори ба марди ба номусу ватандӯст  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ба дӯши ӯ масъулияти бузургеро гузошт.

Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣба хотири оштии миллӣва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон  менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ  пурра  фалаҷ  гардида  буданд.

  Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон тахти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣнамудани ҳамаи тадбирҳо дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣба барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимиятидавлатӣшурӯъ  намуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки  аввалин фармоне, ки ба ташкилёбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ замина гузошт, ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 1992 таҳти №ФП- 63 «Дар бораи  трибуналҳои ҳарбӣ ва мақомоти додситонии  ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд», мебошад. Моҳи феврали соли 1993 яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил Артиши миллӣдар шароити бениҳоят вазнини сиёсию иқтисодии мамлакат бе таҳкурсии моддию техникӣ дар ҷойи холӣ ташкил  гардид.

Аз ин рӯ, зарурати таъсис додани сохтори нав ба миён омад,ки назорати иҷрои қонунҳо ва риояи оинномаҳои ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ  таъмин  намояд.

     Моҳи январи соли 1993 дар сохтори Прокуратураи генералӣ вазифаи Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарпрокурори ҳарбӣ  ворид  карда  шуд.

Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як воҳиди мустақил дар сохтори Прокуратураи генералӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  10 декабри соли 1995 таҳти №343 таъсис ёфт.

 Ҷиҳати такмил додани сохтори идоракунии прокуратураи ҳарбӣ бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 1993 прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрѓонтеппа, Кӯлоб, Хоруѓ ва баъдан 11 январи  соли 2001 прокуратураи ҳарбии  минтақаи Қаротегин  (ҳоло гарнизони Рашт)  таъсис дода  шуданд.

    Дар ин сохтори навташкил ҳамагӣ 8 нафар корманди фаврӣ фаъолият мекарданд. Баъди ташкил шудани вазорату идораҳои ҳарбии нав шумораи кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ  низ зиёд шуда, айни замон дар мақомот зиёда аз 100  воҳиди кории кормандони фаврӣ мавҷуд аст.  

      Ҳоло дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шуъбаи кадрҳо, ташкили кор ва омор, назорати умумӣ, назорати тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ, тафтиши парвандаҳои ҷинояти махсусан муҳим, назорати қонунӣ будани  санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва оилавӣ, шуъбаи муҳосибот,молия ва корҳо  ва  шуъбаи коргузорӣ  амал мекунанд.

     Маврид ба зикр  аст, ки фаъолияти прокуратураҳои ҳарбӣ сол то сол дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар  Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳуриии Тоҷикистон беҳтар гашта,шароити хуби кории кормандони мақомот муҳайё мебошад.

Вобаста ба фаъолияти мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаминро бояд қайд кард, ки ин ниҳоди назоратии кишвар айни ҳол ҳамчун як сохтори вежаи давлатдорӣ фаъолияти худро баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу арзишҳои истиқлолият ба роҳ монда, бо дарназардошти вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мамлакат, пеш аз ҳама, ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро танзим  менамояд.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як саҳифаҳои таърих мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти давлат, пояндагии ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақши муҳимеро гузоштааст.

Сарпрокуратураи ҳарбӣ-ҳамчун як сохтори муҳими низомӣ дар ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кӯшунҳо ва дигар воҳидҳои  ҳарбӣ саҳми арзанда дорад.

 Меҳнати софдилонаю бенуқсони кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба инобат  гирифта шуда, бо фармонҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар соли 2015-ум 8 нафар кормандонро бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, 6 нафар бо медали «Ҷасорат» ва 2 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардонида  шуданд.

Дар мақомот айни замон  15 нафар кормандони дорои унвони «Корманди фахрии прокуратура» ва 34 нафар дорои «Ифтихорнома»-и Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  намуда  истодаанд.

     Соли 2016 барои мардуми шарифи  кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 январи соли 2016) таъкид доштанд: «Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати  Тоҷикистон  содиқонаву  софдилона  иҷро  намоем».

     Тазаккур бояд дод, ки иҷрои ин ҳадафҳо дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи  ҷомеа, ки дар кишвари мо ҳукмфармост, комилан имконпазир мебошад. Дар ин раванд Сарпрокуратураи ҳарбӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар таъмини риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Муовини Прокурори генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори

ҳарбӣ, генерал-майори адлия                                                                Мирзозода  С. Р.


ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ОИД БА ТАШВИҚУ ТАРҒИБИ АҲАМИЯТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо дарназардошти нақши муҳими Истиқлолияти  миллӣ дар рушди давлатдории навин мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба ин мавзуъ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти тарғиботии худ қарор додааст.

 Ҷиҳати пешбурди самараноки фаъолият дар ҳама зинаҳои мақомоти прокуратура нақшаҳои алоҳидаи чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ таҳия ва тасдиқ карда шуда, ба амалӣ намудани онҳо роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони Прокуратураи генералӣ ва прокуратураҳои тобеъ сафарбар карда шудаанд.

Аз ҷумла, Прокурори генералӣ ва муовинони ў дар шабакаҳои телевизионӣ доир ба ин мавзуъ баромад намуда,  мусоҳибаҳои онҳо барои таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ бахшида ба 25 солагии  Истиқлолияти миллӣ  ба навор гирифта  шудааст.

Бо иштироки 9 нафар сардорони Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» се маротиба мизҳои мудаввар баргузор гардида, то охири моҳи август баргузории боз  се мизи мудаввар доир ба ин мавзуъ дар назар дошта шудааст.

Дар сомонаи расмии Прокуратураи генералӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти миллӣ лавҳаи махсус кушода шуда, дар он мақолаҳои муовинони Прокурори генералӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳо ҷойгир карда шуданд.

Нимаи дуюми моҳи августи соли равон дар Прокуратураи генералӣ гузаронидани Конференсияи илмию амалӣ дар мавзўи «25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои такомули ниҳодҳои давлатдорӣ» бо иштироки намояндагони дигар вазорату идораҳо ва аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Кормандони Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ то ин дам дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт,  рушди иқтисод ва савдо,  фарҳанг,  корҳои дохилӣ, Саридораи геологияи назджи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо коллективҳои меҳнатии онҳо вобаста ба мафҳум ва моҳияти Истиқлолияти миллӣ,  дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  даврони Истиқлолият  38 суҳбату вохўрӣ  гузарониданд.

Дар  ҷараёни ин суҳбату вохўриҳо нақши калидии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат дар  таҳкими  Истиқлолият, сулҳу субот, ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ ва болоравии нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ махсус қайд карда шуд.

Дар рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Инсон ва қонун», «Халқ овози»  ва дигар матбуоти даврӣ 12 мақолаи кормандони Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ дар ин мавзуъ ба табъ расиданд.

Роҳбарият ва кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ба онҳо баробаркардашуда низ ҳамарўза ба гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ дар ин самт машғул мебошанд.

  Аз ҷумла,  кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе    дар байни коллективҳои меҳнатии кормандони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», Нозиротҳои минтақавии идоракунӣ ва хихзматрасонии  фонди манзилӣ ва маҳали зисти аҳолӣ  282 суҳбату вохўрӣ  баргузор намуда, рафти ин вохўриҳо 12 маротиба аз тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо»ва  «Пойтахт»  намоиш дода шудааст. Дар ширкати телевизион ва радиои  «Ватан»  чор маротиба суҳбатҳои мустақими кормандони прокуратура сабт ва пахш карда шуд.  

Аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Суғд чунин  вохўриҳо бо кормандони раёсатҳои ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ ва обукорезии вилоят, филиали Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон»,  комиссариатҳои ҳарбӣ, омўзишгоҳҳои тиббию омўзгорӣ, ҷамоатҳои деҳот ва ғайра баргузор карда шуданд.

24 апрели соли равон дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар рушди давлатдорӣ» бо иштироки кормандони  прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нақлиёти вилояти Суғд   ва олимон мизи мудаввар баргузор гардида, рафти баргузории он тавассути телевизиони маҳаллии  вилояти Суғд пахш карда шуд.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо чунин суҳбату вохўриҳо кормандони шуъбаҳои маориф, беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва маҳали зисти аҳолӣ  фаро гирифта шуданд.

Прокуратураи вилояти Хатлон дар ин раванд ба баланд бардоштани нақши матбуоти даврии маҳаллӣ  дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои ноҳиявии «Симои Данғара», «Бохтар», «Гулхани Восеъ», «Насими Терай», «Сафо» ва ғайра 31 маротиба баромад намуданд. 

 Аз тарафи Сарпрокуратураи ҳарбӣ доир ба ин мавзуъ дар қисмҳои ҳарбӣ  бо афсарон ва сарбозон 33 суҳбату вохўрӣ гузаронида шуд. Дар рафти ин вохўриҳо нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар ташаккули Артиши миллӣ ва табдил додани он ба сутуни устувори Истиқлолияти давлатӣ махсус қайд гардида, ҳамзамон зарурати мунтазам такмил додани маҳорати касбӣ ва ҳамеша  омода  будан ба ҳифзи   марзу буми кишвар таъкид карда шуд.   

Кормандони прокуратураҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар як қатор муассисаҳои ислоҳӣ бо кормандони маъмурият ва маҳкум-шудагон вохўриҳо баргузор намуда, дар  рафти онҳо ба фаҳмонидани сиёсати инсондўстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, бахусус қабули санадҳои сершумори авф ва бахшиши ҷазо  диққати махсус доданд.

Дар маҷмуъ то имрўз аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура вобаста ба мавзўи аҳамияти Истиқлолияти миллӣ дар рушди давлатдории навини тоҷикон 920  суҳбату  вохўриҳо гузаронида шуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма 130  (телевизион 45, радио 15, рўзномаҳо 70) баромадҳо баргузор карда шуданд.

Дар раванди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 25  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон  дар ҳама зинаҳои мақомоти прокуратура ҳашарҳои умумӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани  биноҳои маъмурӣ, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, вохўриҳои кормандони ҷавон бо собиқадорони мақомот, аёдат ва расонидани кумакҳои моддӣ ба оилаҳои бесаробонмондаи кормандони мақомоти прокуратура, ба истифода додани биноҳои маъмурии навбунёд ва ғайра амалӣ шуда истодаанд.  

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон