Маҷалла

Материалы

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А.Раҳмон ба ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Дарвоз

  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А.Раҳмон бо ҳамроҳии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Расулзода дар давоми рӯзҳои 24-25 июли соли 2015 ба ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ваДарвоз сафар карда, сараввал аз мавзеъҳои селзада дидан кард.

 Прокурори генералӣ зимни ин сафараш ва шиносоии бевосита аз маҳалҳои харобшуда таваҷҷуҳи махсусро ба масъалаҳои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳое, ки баҳри пешгирии оқибатҳои офати табиӣ равона шудаанд, инчунин пайваста баланд бардоштани масъулияти роҳбарони мақомоту идораҳои салоҳиятдор оид ба омодагӣ ба мавсими баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва пешгирии хавфи обхезӣ, сангрезӣ ва ярч зоҳир намуд.

Ҳамчунин Прокурори генералӣ дар бинои прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кормандони прокуратура, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ВМКБ мулоқот доир намуда, таъмини волоияти қонун, ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пурзӯр намудани риояи интизоми хизматӣ, алалхусус дар ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар миқёси вилоятро қатъиян дар мадди аввал гузошт.

Муайян карда шуд, ки бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷ ва Шуғнон ба кормандони мақомоти прокуратура зарари ҷонию молӣ расонида шудааст.Аз ин лиҳоз, Прокурори геннералӣ изҳор намуд, ки ба Раҳмонзода Илҳомиддин Эмом – ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе бинобар фавти бародараш Раҳмонов Саидаҳрор Эмомович ва ҷиянаш Раҳмонов Раҳмиддин Шовайсиддинович, ҳамчунини ба ронандаи прокуратураи ВМКБ Сайдалиев С.Ш., ки хонаи истиқоматиаш дар натиҷаи фаромадани сел пурра хароб шудааст, кӯмаки моддӣ расонида шавад.